Суғуртакунӣ аз ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳо

Суғуртакунӣ аз ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳо

Зиндагӣ пешгӯинашаванда аст, бемориҳо ва ҳодисаҳои нохуш на танҳо ба саломатӣ зарар мерасонанд, балки ба талафоти моддӣ низ оварда мерасонанд: ҷарроҳӣ, доруҳо, таҳқиқоти гуногуни тиббӣ ва расмиёти табобатӣ баъзан гарон мебошанд. Суғуртакунӣ аз ходисаҳои нохуш ва бемориҳо – ҳамчун роҳи ҳимояи худ ва наздиконатон.

Хавфҳое, ки бо намуди зерини суғурта пӯшонида мешаванд:

 

- Марги Суғурташуда, дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ё беморӣ;

- Мунтазам гум кардани қобилияти меҳнатии Суғурташуда дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ё беморӣ

- Зарари ҷисмонии Суғурташуда дар натиҷаи ҳодисаи нохуш

- Муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатии Суғурташуда дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ё беморӣ

- Муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ бо сабаби бистарикунонии Суғурташуда дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ё беморӣ

- Гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ нисбати Суғурташуда дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ва ё беморӣ

- Ташхиси аввалияи Суғурташуда вобаста ба бемории хатарноки марговар ва ё нисбати Суғурташуда гузаронидани ҷарроҳиҳои ҷиддӣ

Шартнома метавонад бо масъулият аз руи як хавф ё аз руи якчанд хавфҳо баста шавад