Суғуртаи нақлиёт

Суғуртаи нақлиёт

Бовари ба он, ки мошини шумо ва на танҳо он – дар амон аст.

Ҳар як ронандаи ботаҷриба метавонад ба ваъзе дучор ояд, ки дар он гунаҳкори садама мешавад. Гунаҳкори садама вазифадор аст зарари ба шахсони сеюм расонидашударо ҷуброн кунад. Суғуртакунонӣ аз рӯи барномаи суғуртакунонии ихтиёрии масъулияти шаҳрвандӣ(ДСАГО) шумо ва наздиконатонро аз чунин намуди ҳарочот наҷот медиҳад ва ба шумо кӯмак мекунад, ки дар роҳ эътимоди бештар пайдо кунед.

Агар Шумо ба шахсони сеюм зарар расонед, пас ташкилоти суғуртавӣ зарарро ба тарафи сеюми ҷабрдида ҷуброн менамояд.

Хавфҳои суғуртавӣ:

-Зарар ба ҳаёт ва саломатии шахсони сеюм, ки аз тарафи ронандаи воситаи нақлиёти автомобилии Суғуртакунанда расонида шудааст

-Зарар ба молу мулки шахсони сеюм, ки аз тарафи ронандаи воситаи нақлиёти суғурташуда расонида шудааст

Маблағи суғуртакунонӣ:

Аз 0,8% то 1% аз маблағи суғуртавӣ

Ба ғайр аз суғуртаи ихтиёрии масъулияти нақлиёти шаҳрвандӣ, мо пешниҳод менамоем, ки мошинро ҳам бо барномаи суғуртакунонии маҷмуии воситаҳои нақлиёти автомобилии АвтоКаско, ки фарогири ҳимояи суғуртавӣ аз миқёси калони хавфҳо мебошад ва ҳам бо барномаи махсуси суғуртакунӣ, ки ба хоҳиши инфиродии муштарӣ ба ҳисоб гирифта шудааст, суғурта карда шавад.

Ба ҳодисаи суғуртавӣ зарари қисмӣ ё пурра нобудшавии воситаи нақлиёти автомобилӣ дар натиҷаи ҳодисаҳои зерин дохил мешаванд:

- Садамаи нақлиётӣ (новобаста аз он ки бо гуноҳи кӣ содир шудааст)

- Сухтор/Таркиш

- Офати табиӣ

- Афтидани ашёҳои бегона

- Амали ҳайвонот

- Амалӣ ғайриқонунии шахсони сеюм

- Рабудани воситаи нақлиёт